- иғво
- [اغوا]а. аз роҳ баровардан, гумроҳ кардан; фирефтан; дасиса, фитнаандозӣ: ба иғвои… ба фиреби…, ба ҳилаву дасисаи…; бо роҳи иғво бо фиреб, ба тариқи фитна ва дасисакорӣ; иғво андохтан фитна ба кор бурдан; таҳрик кардан, шӯронидан; иғво бардоштан дасиса барпо намудан, бо фитна ва дасиса касонро шӯрондан (бо қасди вайронкорӣ); ба иғво паридан ба дасисае бовар кардан, ба фитнаангезии касе дода шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.